Идораи низоми газии кишвар пурра ба «Тоҷиктрансгаз» вогузор шуд

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ саҳмияи ҷамъиятҳои саҳҳомиеро, ки қаблан аз низоми ягонаи гази ҷумҳурӣ ҷудо шуда, мустақилона фаъолият мекарданд, барои идоракунии фаврӣ ба ихтиёри ҶСК «Тоҷиктрансгаз» супурд. Муовини раиси Кумита Анвар Наҷмиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки ин қарор пас аз мувофиқа бо ҳукумат ва сохторҳои дахлдори […]

Заррина Эргашева


Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ саҳмияи ҷамъиятҳои саҳҳомиеро, ки қаблан аз низоми ягонаи гази ҷумҳурӣ ҷудо шуда, мустақилона фаъолият мекарданд, барои идоракунии фаврӣ ба ихтиёри ҶСК «Тоҷиктрансгаз» супурд.

Муовини раиси Кумита Анвар Наҷмиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки ин қарор пас аз мувофиқа бо ҳукумат ва сохторҳои дахлдори он қабул шудааст. Пас аз бозсозии сохторҳои собиқ «Тоҷикгаз» ва феълан «Тоҷиктрансгаз» 18 ҷамъияти саҳҳомӣ бо 100%-и ҳиссаи давлат таъсис ёфта буд.

«Чун «Тоҷиктрансгаз» айни замон онҳо низ дар вазъи мушкил қарор доранд ва ин ба қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон вобаста аст, зеро бе газ ин сохторҳои фаъолият дошта наметавонанд, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, барои ба қадре бошад ҳам, нигаҳдории низоми гази мавҷуда, мо онҳоро ба як низом муттаҳид сохтем, то ки «Тоҷиктрансгаз» тамоми низоми газии кишварро таҳти идора қарор дода, ин низомро аз даст надиҳем».

Дар шарҳи масъала номбурда ҳамчунин зикр кард, ки мувофиқи қарордоди баимзорасида миёни Кумита ва «Тоҷиктрансгаз», тамоми корхонаҳо таҳти идораи фаврии «Тоҷиктрансгаз» қарор хоҳанд гирифт, вале «Тоҷиктрансгаз» ба идоракуниву ихтиёрдории саҳмияҳо ва амволи собиқ корхонаҳои сохтор ҳуқуқ надорад.

ҶСК «Тоҷиктрансгаз» бо 100%-и ҳиссаи давлат корхонаи масъул ба воридот ва тақсими газ ба истеъмолгарон аст. Аз 31-уми декабри соли 2012 Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро комилан қатъ намуд, ки ба бозистии фаъолияти тамоми низоми газии кишвар ва коҳиши ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ боис гардид.

Айни замон аксари кормандони «Тоҷиктрансгаз» ба

рухсатии бемуҳлати бемузд

фиристода шудаанд. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, барои коршоямии лӯлаи газ, корхона  ба нигоҳ доштани фишор дар он идома медиҳад.

Дар нишасти хабарии рӯзи 24-уми июл директори ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов дар ин робита иттилоъ дод, ки дар гуфтушунидҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба интиқоли гази табиӣ аз ин кишвар дар соли 2013

мувофиқа ҳосил нашуд.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати шартномаи соли 2012, шурӯъ аз 31-уми декабри соли гузашта Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ намуд. Кишвари ҳамсоя оид ба интиқоли ҳаҷми муайяни газ ба Чин ӯҳдадор буда, дар ин хусус соли гузашта зимни имзои қарордод хабар дода буд.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 46,6 млн. метри мукааб камтар аст. Арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод.

Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии гази воридшуда ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя дар соли 2012, ба истихроҷи шабонарӯзии гази табиӣ дар Ӯзбекистон баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.