Иҷозати кор ба беш аз 3,4 ҳазор хориҷиён дар 6 моҳ

– Нимсолаи аввали соли равон ба беш аз 3,4 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон иҷозатнома дода шуд, – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Анвар Бобоев. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаҳои савдо (784 нафар), сохтмон (542), истеҳсолот (441), хӯроки умумӣ ва хизматгузорӣ (272), кишоварзӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


– Нимсолаи аввали соли равон ба беш аз 3,4 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон иҷозатнома дода шуд, – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Анвар Бобоев.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаҳои савдо (784 нафар), сохтмон (542), истеҳсолот (441), хӯроки умумӣ ва хизматгузорӣ (272), кишоварзӣ (149), варзишу тандурустӣ (119) алоқа (114), геология (32) ва маориф (19) барои кор иҷозатнома дарёфт намудаанд. «Иҷозатномаи кор дар дигар бахшҳо ба 986 нафар хориҷиён дода шуд», – иброз дошт муовини сардори Хадамот.

Бобоев зикр кард, ки давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ нисбати 418 нафар шаҳрвандони хориҷӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127 санад зиёдтар аст. «Аз ҷумла, 141 санад нисбати шаҳрвандони Чин, 62  санад – шаҳрвандони Ӯзбекистон, 49 санад – шаҳрвандони Афғонистон, 40 санад ба шаҳрвандони Русия, 34 санад нисбати шаҳрвандони Қирғизистон, 27 санад ба шаҳрвандони Покистон ва 12 санад нисбати шаҳрвандони Эрон тартиб дода шуд», – изҳор кард Бобоев.

Ба қавли номбурда, кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳамдастӣ бо намояндагони ВКД ва КДАМ дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон таҳти унвони «Нелегал» якчанд рейдҳо доир намуда, фаъолияти зиёда аз 15 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистонро санҷидааанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.