Коршинос: Тамоми амалҳои имрӯза нисбати ҲНИТ-ро мо солҳои 90-ум шоҳид будем

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос ва коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлат оид ба фишори афзоянда болои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. «Тамоми амалҳои имрӯзаи доираҳои ҳукмрон нисбати ҲНИТ-ро мо солҳои 90-ум шоҳид будем ва бо итминон метавон гуфт, ки дар воқеъияти кунунии Тоҷикиситон таърих такрор мешавад», – иброз дошт ӯ. Ба гуфтаи […]

Аваз Юлдошев


Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос ва коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлат оид ба фишори афзоянда болои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

«Тамоми амалҳои имрӯзаи доираҳои ҳукмрон нисбати ҲНИТ-ро мо солҳои 90-ум шоҳид будем ва бо итминон метавон гуфт, ки дар воқеъияти кунунии Тоҷикиситон таърих такрор мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи вай, он замон низ ҳукуматдорони кишвар қотеъона мухолифи эътирофи ҳизби дорои моҳияти исломӣ буданд ва бо ҳар роҳу восита рӯйи он фишор меоварданд.

Коршинос назар андохтан ба далелҳои таърихиро пешниҳод карда, аз ҷумла қабули қарори манъи бунёди ҳизби исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар соли 1990, тибқи Сарқонун дунявӣ эътироф шудани Тоҷикистон дар ҳамин сол пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, гирдиҳамоиҳои чандинрӯза дар Душанбе моҳи сентябри соли 1991, бо миёнравии намояндагони президенти ИҶШС Михаил Горбачёв – Анатолий Собчак ва Евгений Велихов қонунӣ эътироф шудани фаъолияти ҲНИТ аз ҷониби Шӯрои Олӣ дар ҳамин сол, афзоиши фишори ҳукумат болои нерӯҳои мухолиф, асосан исломӣ оғози соли 1992, сар задани даргириҳои шаҳрвандӣ бо ин сабаб ва қабули қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 дар бораи ғайриқонунӣ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави ҷумҳуриро ёдовар шуд.

Коршинос ҳамчунин хотиррасон намуд, ки баъди 5 сол таҳти фишори кишварҳои манфиатдор ҷонибҳои мухолифи Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳро ба имзо расонида, бори навбатӣ ҳукуматдорон розӣ шуданд, ки ҲНИТ-ро ҳизби сиёсии қонунӣ эътироф намоянд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.