Суди Хуҷанд даъвои Тӯраҷонзодаро қонеъ накард

Суди шаҳри Хуҷанд қонеъ намудани даъвои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро рад кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, адвокати Тӯраҷонзода хабар дод, рӯзи 31-уми июл мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои Тӯраҷонзода (мурофиа 15 моҳ қабл оғоз гардида буд) нисбати раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара […]

Мавлуда Рафиева


Суди шаҳри Хуҷанд қонеъ намудани даъвои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро рад кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, адвокати Тӯраҷонзода хабар дод, рӯзи 31-уми июл мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои Тӯраҷонзода (мурофиа 15 моҳ қабл оғоз гардида буд) нисбати раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара Ҳоҷӣ Насрулло Азизов, саримомхатиби масҷиди шаҳри Конибодом Ҳоҷӣ Мақсудҷон Ӯрунов ва журналисти телевизиони вилоят Тоҳир Искандарӣ дар бораи ҳифзи обрӯву мартаба ва шаъну эътибор ба итмом расид.

Мурофиаи судӣ таҳти раёсати раиси суди шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева баргузор гардид.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли гузашта дар барномаи «Суҳбати озод»-и журналист Тоҳир Искандарӣ дар телевизони вилоят дар бораи баргузории маросими «Ошӯро» дар масҷиди Муҳаммадияи мутааллиқ ба оилаи Тӯраҷонзодаҳо дар Ваҳдат ибрози назар сурат гирифта, гӯё дар он суханоне садо дода буданд, ки шаъну эътибор ва мартабаи оилаи рӯҳонии маъруфро паст зада бошанд.

Ба гуфтаи адвокат, дар мурофиа далели аз ҷониби оилаи Тӯраҷонзодаҳо баргузор намудани маросими «Ошӯро» моҳи декабри соли 2012 дар масҷиди Ваҳдат муайян нашудааст.

«Гӯё оилаи рӯҳониён оинномаи масҷдиро риоя накарда, маросимро гузаронидаанд. Тамоми ваҷҳҳои даъвои мо аз ҷониби ҷавобгарон рад нашуданд. Онҳо эътироф намуданд, ки вақте дар бораи оилаи Тӯраҷонзодаҳо ҳарф мезаданд, мушаххасан на даъвогар – Ҳоҷӣ Акбар, балки бародари ӯро дар назар доштанд, вале дар барнома гуфтаҳое пахш шудаанд, ки сухан умуман дар бораи оилаи Тӯраҷонзодаҳо меравад. Мо бар ин назарем, ки дар барнома тамоми аъзои оила мавриди таҳқир қарор гирифтаанд ва аз ин рӯ, мо барои ҳифзи шаъну эътибор ба суд муроҷиат намудем, вале даъвои моро рад карданд», – изҳор кард адвокат.

Воҳидова ҳамчунин зикр кард, ки пас аз ба дасташ расидани қарори мазкур ба зинаҳои таҷдиди назар аз болои он шикоят хоҳад бурд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.