Гумонбарии муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба порагирӣ

Муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба порагирӣ муттаҳам дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, айбдоршаванда аз сокини маҳаллӣ барои додани билети ҳарбӣ дар ҳаҷми 1,4 ҳазор $ маблағи пулӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани он бо далели […]

Мавлуда Рафиева


Муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба порагирӣ муттаҳам дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, айбдоршаванда аз сокини маҳаллӣ барои додани билети ҳарбӣ дар ҳаҷми 1,4 ҳазор $ маблағи пулӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани он бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

«Нисбати муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) паврандаи ҷиноӣ боз гардида, баъди тафтишот ба баррасии суд ирсол шуд», – гуфтанд дар Раёсати Агентӣ.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 47 ҳодисаҳои қаллобӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 76 ҳодиса) ба қайд гирифта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.