Тақдири сокинони бедаракшудаи Панҷакент то ҳанӯз номаълум аст

Аз замони бедарак шудани панҷ нафар сокинони ноҳияи Панҷакент аллакай як моҳ сипарӣ шуд, вале тақдири минбаъдаи онҳо то ҳанӯз номаълум аст. Сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки «оид ба ин қазия бо Ӯзбекистон гуфтушунид ҷараён дорад, вале аз ҷузъиёти ҳодиса ҳанӯз […]

ASIA-Plus


Аз замони бедарак шудани панҷ нафар сокинони ноҳияи Панҷакент аллакай як моҳ сипарӣ шуд, вале тақдири минбаъдаи онҳо то ҳанӯз номаълум аст.

Сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки «оид ба ин қазия бо Ӯзбекистон гуфтушунид ҷараён дорад, вале аз ҷузъиёти ҳодиса ҳанӯз чизе рӯшан нест».

Ёдрас мекунем, ки ҳамсари яке аз бедаракшудагон Норчучук Эшмуродова қаблан ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки  р

ӯ


зи 10-уми июл ҳамсари 74-солаи ӯ Мардон Бӯриев, писараш Сулаймон, наберааш Манучеҳр ва ҳамчунин ҳамсояҳояш Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов бедарак шудаанд.

Бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон ӯ гуфт, шоми 10-уми июл онҳо дар як замини ҷамоати Фароб машғули кор будаанд, ки 20 нафар марзбонони ӯзбек онҳоро боздошт ва бо худ бурдаанд. Он рӯз ӯ дарҳол ба посгоҳи марзии «Фароб» рафта, ҳамроҳи марзбонони тоҷик аз пайи «дуздон» шудаанд, вале онҳо аллакай дар он сӯй марз қарор доштаанд.

«Ман мудом ба рақами телефонҳояшон занг мезанам, вале онҳо дастнорасанд», – изҳор дошта буд номбурда ва афзуд, ки онҳоро дар қаламрави Тоҷикистон боздошт намудаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.