Даъвати Раҳматилло Зойиров ба Прокуратураи генералӣ

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойировро ба Прокуратураи генералӣ даъват карданд. Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки алҳол огаҳ нест, ки бо кадом сабаб ӯро даъват кардаанд, вале зикр кард, ки «дар прокуратура кадом як парвандае мавҷуд буда, онро КДАМ додааст». «Дирӯз ба ман занг зада, ба Прокуратураи генералӣ даъват […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойировро ба Прокуратураи генералӣ даъват карданд.

Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки алҳол огаҳ нест, ки бо кадом сабаб ӯро даъват кардаанд, вале зикр кард, ки «дар прокуратура кадом як парвандае мавҷуд буда, онро КДАМ додааст».

«Дирӯз ба ман занг зада, ба Прокуратураи генералӣ даъват карданд, вале сабабашро шарҳ надоданд. Айни ҳол ба онҷо равонаам ва дар ҳамон ҷо аз сабабаш воқиф мегардем. Ба ман танҳо маълум аст, ки парванда дар КДАМ рӯйи кор омадааст», – зикр кард Зойиров.

Қобили зикр аст, ки манбаъҳои ғайрирасмӣ ҳанӯз ҳафтаи сипаришуда изҳор намуда буданд, ки Зойировро ба ҳабс гирифтанианд. Ин ақидаҳо баъди изҳороти Зойиров оид ба солгарди рӯйдодҳои Хоруғ, ки ӯ онҳоро террори давлатӣ унвон кард, пайдо шуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар арафаи солгарди рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ, рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ Раҳматилло Зойиров ба унвони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳороте пахш карда, аз сарвари давлат даъват намуд, ки рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ аксияи террори давлатӣ эътироф гардида, санаи 24-уми июл Рӯзи ёдбуди ҳамаи ҷабрдидагон аз таъқиб ва амалҳои зӯроварии ғайриқонунӣ эълон карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.