Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ ба Кабирӣ барои пахши раддия вақт ҷудо намекунад


Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ ба мактуби раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ посухи рад дод.  Кабирӣ дар мактубаш талаб карда буд, ки ба ашхоси маъсули ҳизб барои пахши раддия дар мавриди гузориши телевизионии марбут ба Мӯъминобод  шароит фароҳам оварда шавад.

Дар номаи ҷавобӣ бо имзои муовини аввали раиси Кумита Саидалӣ Сиддиқов унвонии ҲНИТ, ки нусхааш дар ихтиёри «АП» қарор дорад, гуфта мешавад, ки телевизиони давлатӣ мувофиқи Сарқонуни Тоҷикистон ва Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», ҳамчунин тибқи дигар асноди қонунгузорӣ амал мекунад.

«Мақсади асосии кори мо аз пуштибонӣ ва мустаҳкам кардани сулҳу ваҳдат дар кишвар иборат аст. Ба ин хотир мехоҳем ба шумо итминон бидиҳем, ки дар барномаҳои телевизионӣ ҳеҷ гоҳ ба таҳқиру буҳтон роҳ дода намешавад. Мо мӯътақидем, ки сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон пойдоранд ва дигар ҳеҷ як неру наметавонад ба ин арзишҳо «зиён оварад»,-мегуяд Сиддиқов.

Дар идомаи мактуб гуфта мешавад, ки агар ҲНИТ хабару гузоришҳо аз ҷамъомадҳо ва бо иштироки уламо дар навоҳии кишварро дар назар дошта бошад, пас «иштирокдорони ин ҷамъомадҳо барои ибрози андешаву мулоҳизоти худ тибқи  ҳуқуқҳои конститутсионии худ амал кардаанд».

«Шабакаҳои давлатии телевизион ва радио бошанд аз рӯи салоҳияти оинномавии худ амал карда, зимни пахши ин хабару гузоришҳо назари шахсии худро дар бораи ҲНИТ иброз надоштаанд ва ӯҳдадор нестанд, ки вобаста ба андешаю мулоҳизаи иштирокдорони даҳҳо ҷамъомад, ки ҳар рӯз вобаста ба самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баргузор карда мешаванд, раддияи тарафи дигарро низ ба барномаҳо ҷой диҳанд»,-зикр мегардад дар мактуб.

«Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ бо ҳамаи ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон расман, дар доираи қонун ва бо назардошти манфиатҳои миллию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст,  ҳамкорӣ карда, дастрасии онҳоро ба шабакаҳои давлатии телевизион ва радио ба сурати баробар таъмин менамояд»,-хулоса кардааст Сиддиқов..

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи сипаригашта раиси  ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо ирсоли як нома аз  Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ талаб кардааст, барои пахши раддия ба онҳо низ шароит фароҳам оварад, зеро «вақтҳои ахир тавассути шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ алайҳи ҲНИТ амалиёти васеи таблиғотӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он унвонии аъзоёни ҳизб таҳқиру буҳтон низ ҷой доранд.

Дар маткуб гуфта мешавад: «чунин амалкардҳо хилофи қавонини Тоҷикистон буда, метавонад ба якпорчагии миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар зарба занад». 

spot_imgspot_img

Популярное