Рӯзи шанбеи гузашта Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ дар Тоҷикистон ҷаласаи сеюми худро доир кард. Дар он Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳод баррасӣ шуда, таҳиягарони он изҳор доштанд, ки баргузор кардани ислоҳоти конститутсионӣ дар зарфи 4 солро кафолат медиҳанд.
Дар Консепсия зикр мегардад, ки он барои «гузариш аз сохти авторитарӣ ба воқеан демократӣ» таҳия гардида, амалисозии он дар зарфи 4 соли ин давраи гузариш тарҳрезӣ шудааст.
Ҳадаф ва вазифаҳои Консепсия дар таъмини принсипҳои асосии конститутсионӣ, аз ҷумла, ҳокимияти мардум ва баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, таъмини зиндагии шоиста ва рушди озодиҳои ҳар як шаҳрванди кишвар, амали ҳокимияти давлатӣ бар асоси тақсими баробарҳуқуқи ваколатҳо миёни ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, рушди бахши тиҷорати хурду миёна ва муҳити сармоягузорӣ, ҳамчунин инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ифода меёбанд. Ин вазифаҳо дар доираи Барномаи амал ба иҷро мерасанд.
Ду ҳафта пеш ин барнома баррасӣ ва пас аз ворид гардидани як қатор тағйиру иловаҳо, шакли наваш пешниҳод шуд. Бахши иҷтимоиву иқтисодии барнома бештар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он дар муддати ду соли наздик ба истифода додани ду агрегати нерӯгоҳи «Роғун», сабукиҳо дар пардохти андозу боҷ, муқаррар кардани музди меҳнат мутобиқи сабади истеъмолии аҳолӣ, барқарор ва зиёд кардани имтиёз ба нафақахӯрону маъюбон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа ва ғайра дар назар аст.
Дар робита раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки барои ноил гардидан ба рушди саноат вақти зиёд лозим буда, ин барнома барои 4 соли наздик пешбинӣ шудааст ва аз ин рӯ, ваъдаи рушди саноат мувофиқи мақсад нест. «Масъалаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» комилан ба иродаи сиёсии мо вобаста аст», – гуфт ӯ дар робита ба идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ.
Дар идомаи ҷаласа масоили ислоҳот дар бахшҳои кишоварзӣ, сиёсат, муносибати давлат ва дин, ҳамчунин ислоҳот дар бахши сиёсати байнулмилалӣ баррасӣ шуданд. Зимни баррасии масъалаи ислоҳоти конститутсионӣ бори дигар зикр гардид, ки номзад онҳоро бояд дар муддати 4 сол амалӣ карда, сипас ба истеъфо равад ва интихоботи нави президентиро ташкил кунад.
Дар фарҷом қарор шуд, ки бо назардошти пешниҳоди воридшуда Консепсия дубора тасҳеҳу мукаммал гардида, ҷиҳати баррасии доманадор ба шабакаи Facebook гузошта шавад. Тамоми тағйиру иловаҳо то 17-уми август қабул гардида, сипас шакли ниҳоии Консепсия тасдиқ мешавад. Пас аз ин Иттиҳод масъалаи интихоби номзади ягонаро баррасӣ карданист.



