Ифтитоҳи бинои нави факултаи сохтмон ва меъмории ДТТ бо иштироки президент

Субҳи рӯзи 1-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҳаёти нави пойтахт бинои нави факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои оғози соли нави хониш дар ҷумҳурӣ иштирок намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Зимни шиносоӣ бо шароити моддию техникии муҳайёшуда, аз ҷумла зикр […]

ASIA-Plus


Субҳи рӯзи 1-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҳаёти нави пойтахт бинои нави факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои оғози соли нави хониш дар ҷумҳурӣ иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Зимни шиносоӣ бо шароити моддию техникии муҳайёшуда, аз ҷумла зикр гардид, ки ин бинои боҳашамат бо харҷи беш аз 38 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 70 синфхона, аз ҷумла 22 синфхонаи озмоишӣ ва 2 устохонаи бузург мебошад ва барои 4 ҳазор донишҷӯй дар якуним баст пешбинӣ шудааст. Бино, ҳамчунин дорои китобхонаи барҳавои электронӣ мебошад, ки дар он беш аз 70 компютер бо шабакаи ҷаҳонии интернет ва китобхонаҳои зиёди электронӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пайваст мебошад.

Ошхонаи бино бо шароити хуби замонавӣ хеле зебою барҳаво буда, дорои 150 ҷойи нишаст мебошад. Толори бузурги варзишии бино бо паҳноию дарозии 24 ба 37 метр барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳои озмоишии факулта, ки дар таҳхонаи бино ҷойгиранд, бо дастгоҳу таҷҳизоти гуногун барои санҷиши ашёи хом ва масолеҳу конструксияҳои тайёри сохтмонӣ, шабакаҳои гармдиҳӣ, сардсозӣ, ҳаводиҳию ҳавокашӣ, барқтаъминкунӣ ва ғайра таъмин мебошанд.

Сарвари давлат бо шароити муосири бино бевосита шинос шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва сифати таълиму тарбияи бинокорону меъморони ояндаи ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки барои харидории таҷҳизоти навтарин, аз ҷумла гаронарзиш ҳам бояд маблағҳои зарурӣ пайдо карда шавад.

Тавре иттилоъ доданд, дар маҳаллаи Ҳаёти нави пойтахт барои пурра ба ҳамин ҷо кӯчондани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ 30 га замин ҷудо карда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҳудуди барои ин мақсад пешбинишуда сохтмони тамоми биною иншооти дигар, хусусан хонаҳои истиқоматӣ манъ дошта шавад ва барои лоиҳасозӣ ва сохтмони биноҳои дигари донишгоҳ чораҳо андешида шаванд. Тавре таъкид гардид, ин мавзеъ бояд ба як шаҳраки замонавии донишҷӯён табдил ёбад.

Дар толори бузурги факултаи сохтмон ва меъморӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури қариб 2 ҳазор нафар устодону донишҷӯён аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ ва ҳам масъулини ҷумҳуриявии дахлдор ба муносибати Рӯзи дониш суханронӣ намуд. Рафти суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва тантанаҳои Рӯзи донишро тавассути телемост ва пахши мустақими шабакаҳои телевизионӣ, ҳамчунин дар аксарияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастаҷамъона тамошо намуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои сершуморе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба талаби замон мутобиқ намудани шароити таълимӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи кишвар ёдовар шуда, насли навраси кишварро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосир, аз худ намудани касбу ҳунар ва ба ободонии бесобиқаи Ватани азизи худ ҳидоят кард.

Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аҳли толор ва устодону донишҷӯёни дигар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Рашт маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух сурат гирифт, ки зимни он барои иҷрои талабу дархостҳои баёнгардида, дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.