Ҳизби демократ бо номзади худ дар интихобот ширкат меварзад

Дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шуд, Ҳизби демократии Тоҷикистон бо номзади худ ширкат хоҳад варзид ва ба дигар аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нест. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов хабар дод. Ба қавли раиси ҲДТ, демократҳои Тоҷикистон имрӯз номзадии шаш […]

ASIA-Plus


Дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шуд, Ҳизби демократии Тоҷикистон бо номзади худ ширкат хоҳад варзид ва ба дигар аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нест. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов хабар дод.

Ба қавли раиси ҲДТ, демократҳои Тоҷикистон имрӯз номзадии шаш тан аз фаъолони ҳизб ба мансаби президенти кишварро баррасӣ доранд. «Номзади ягона ба мансаби президенти кишвар дар анҷумани ҲДТ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Азия Гранд Отел» доир мегардад, эълон хоҳад шуд», – зикр кард Исмонов.

Ба гуфтаи Исмонов, ба сифати раиси ҳизб ӯ дар ҷаласаҳои Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки номзади ягонаро пешбарӣ калранианд, иштирок кардааст. «Бисёре аз муқаррароти Консепсияи Иттиҳодро мо дастгирӣ карда метавонем, вале бахшҳои ҳизб дар минтақаҳо тасмим гирифтанд, ки ба интихобот номзади худро пешбарӣ кунем», – таъкид дошт раиси ҲДТ.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 8 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.