Э.Раҳмон: Барои демократияи ҷавони тоҷик интихоботи президентӣ як имтиҳон аст

Имрӯз зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи солгарди 22-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат изҳор намуд, ки маъракаи интихоботи президентӣ, ки санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шудааст, барои демократияи ҷавони тоҷик як имтиҳон аст. Сарвари давлат изҳори итимнон намуд, ки ин чорабинӣ бояд дар чаҳорчӯбаи қонун ва шаффофу озод баргузор гардад, то ин […]

ASIA-Plus


Имрӯз зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи солгарди 22-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат изҳор намуд, ки маъракаи интихоботи президентӣ, ки санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шудааст, барои демократияи ҷавони тоҷик як имтиҳон аст.

Сарвари давлат изҳори итимнон намуд, ки ин чорабинӣ бояд дар чаҳорчӯбаи қонун ва шаффофу озод баргузор гардад, то ин ки мардуми Тоҷикистон имконияти иштирок ва интихоби номзади арзандаро ба ин мақоми олӣ дошта бошанд.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон аз онҳое, ки мехоҳанд номзадии худро ба ин чорабинии муҳим пешниҳод намоянд, хоҳиш кард, ки ба ин маърака бо маданияти баланди сиёсӣ ва масъулияти комили ватандорӣ муносибат намоянд. «Интихоботи мо набояд ба майдони моҷароҷӯиву ҳангоматалабӣ, балки ба минбари муаррифии барномаҳои комил, андешаҳои созанда ва имкониятҳои зеҳнии арзишманд табдил ёбад, ки мардум тавонанд ҳуқуқи конститутсиониашонро озодона ва бо майлу иродаи худ амалӣ намоянд», – гуфт президенти кишвар.

Дар суханронии худ президенти мамлакат роҷеъ ба дастовардҳои Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибисқлолӣ муфассал маълумот дода, таъкид дошт, ки «дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти татбиқи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ назаррас мебошанд ва тайи солҳои охир беҳтар шудани вазъи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ, коммуникатсия ва технологияи иттилоотиро ҳамватанони азизи мо хуб эҳсос мекунанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.