Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) тақозо дорад, ки ё имзоҳои муҳоҷирони корӣ ба дастгирии номзадҳо ба инобат гирифта шавад ва ё онҳо аз рӯйхати шумори умумии интихобкунандагон хориҷ карда шаванд.
Иттиҳод бо чунин ариза ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон муроҷиат карданист.
Ёдрас мекунм, ки рӯзи 31-уми август Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон намуд, ки номзадҳо ба мансаби президентӣ бояд 210 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намоянд, ки 5% аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Ба рӯйхати интихобкунандагон муҳоҷирони кории хориҷ аз кишвар низ шомиланд, вале раиси КМИР изҳор намуд, ки ҷамъоварии имзоҳо ба дастгирии номзад миёни муҳоҷирони корӣ ғайриимкон аст, зеро мувофиқи қонун варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо бояд аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ тасдиқ шаванд.
«Мо пешниҳод мекунем, ки муҳоҷирон аз ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо хориҷ карда шаванд, чун КМИР бе ин ҳам онҳоро аз ҳуқуқи дастгирии ин ё он номзад маҳрум кард. Дар ин ҳолат довталабони иштирок дар интихоботро ҷамъоварии на 210 ҳазор имзо, балки 140-150 ҳазор имзо зарур мешавад. Агар КМИР розӣ набошад, пас бигзор барои ҷамъоварии имзоҳо ба дастгирии номзади мо миёни муҳоҷирон иҷозат диҳад», – гуфт Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва узви ИНИТ.
Ёдрас мекунем, ки санаи интихоботи президенти Тоҷикистон 6-уми ноябр, Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон таъин шуд. ИНИТ, ки ба ҳайаташ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон шомиланд, ба сифати номзади ягона ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназароваро ба номзадӣ пешбарӣ намуд.
Ҳарчанд коршиносон дар пирӯзии президенти амалкунанда ҳеҷ шубҳае надошта бошанд ҳам, аммо худи президент борҳо изҳор кард, ки то ҳанӯз сари иштирок дар ин маърака ба хулосаи мушаххасе нарасидааст.
Ҳизбҳои коммунист, аграрӣ, сотсиалистӣ, демократ ва ислоҳоти иқтисодӣ изҳор доштанд, ки ба мансаби президентӣ номзадҳои худро пешбарӣ мекунанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷамъоварии миқдори 5%-и имзоҳо аз шумори умумии интихобкунандагон барои аксари номзадҳо хеле мушкил хоҳад буд. Ба андешаи аксари сиёсатмадорон, механизми мавҷудаи ҷамъоварии имзоҳо гӯё махсусан чунин роҳандозӣ шудааст, ки тартиботи бақайдгирии номзадҳо мушкил гардад ва дар маъракаи интихоботи гузашта маҳз ҳамин омил садди роҳи бисёр номзадҳо шуда буд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ин душвориро ба осонӣ паси сар мекунад. Дар маъракаҳои интихоботи гузашта дар ҷамъоварии имзоҳо ҲХДТ ҳатто ба кӯмак расонидан ба рақибон омода буд.
«ҲХДТ то андозае ба ҳусни таваҷҷуҳи аксари аҳолӣ нисбаташ мутмаин аст, ки барои мо зарурати монеъае эҷод сохтан ба номзадҳои аҳзоби дигар зарурате вуҷуд надорад. Баръакс, фикр мекунам, ки аъзои ҳизби мо ҳатто ба кӯмак омодаанд», – гуфта буд он замон муовини раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатов.


