Оғози лоиҳаи таҳкими иқтидори Агентии омор дар соҳаи омори гендерӣ

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бо дастгирии моливии Бонки осиёии рушд (БОР) ба татбиқи лоиҳае, ки ба мустаҳкам намудани итқидори Агентии омор дар соҳаи омори гендерӣ равона карда шудааст, оғоз кард. Бино ба маълумоти Агентии мазкур, лоиҳа дар чорчӯбаи Барномаи минтақавии БОР «Мусоидати гендерӣ – инклюзивии рушд ба мамлакатҳо – иштирокчиёни Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ» […]

ASIA-Plus


Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бо дастгирии моливии Бонки осиёии рушд (БОР) ба татбиқи лоиҳае, ки ба мустаҳкам намудани итқидори Агентии омор дар соҳаи омори гендерӣ равона карда шудааст, оғоз кард.

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, лоиҳа дар чорчӯбаи Барномаи минтақавии БОР «Мусоидати гендерӣ – инклюзивии рушд ба мамлакатҳо – иштирокчиёни Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ» татбиқ карда мешавад. Иҷрокунандаи бевоситаи лоиҳа Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Фонди паст кардани сатҳи камбизоатӣ» мебошад, ки дар асоси қарордод намояндагии онро аз номи БОР ба иҷро мерасонад.

Гуфта мешавад, дар чорчӯбаи татбиқи лоиҳаи мазкур таҳияи лоиҳаи сиёсати ташкилӣ аз тарафи Агентии омор, тақвият бахшидани итқидорҳои асосии мутахассисони Агентии омор оид ба масъалаҳои такмил додани маълумотҳои гендерӣ, таҳлили онҳо ва малакаи паҳн намудан, таҳияи гендери васеи нав-веб саҳифаҳо, ки дар худ хазинаи маълумотҳо ва дигар чорабиниҳои мусоидаткунандаи рушди омори гендериро дар мамлакат дар бар мегиранд, ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.