Сафарбарии ҳудуди 1 ҳазор нафар сокинони Хуҷанд ба ҷамъоварии пахта

Ҳудуди 1 ҳазор нафар кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳри Хуҷанд имрӯз ба ҷамъоварии ҳосили пахта сафарбар шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд ва сардори ситоди «Пахта-2013» Иброҳим Иброҳимов хабар дод, ба ҷамъоварии ҳосили пахта бо будубоши шабонарӯзӣ кормандони бахшҳои тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳои гуногун, бахши кумитаи ҷавонон, варзиш ва […]

Фирдавс Муртазоев


Ҳудуди 1 ҳазор нафар кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳри Хуҷанд имрӯз ба ҷамъоварии ҳосили пахта сафарбар шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд ва сардори ситоди «Пахта-2013» Иброҳим Иброҳимов хабар дод, ба ҷамъоварии ҳосили пахта бо будубоши шабонарӯзӣ кормандони бахшҳои тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳои гуногун, бахши кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва ҳамчунин тоҷирон аз бозорҳои шаҳр фиристода шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, шумори аз ҳама бештари ба ҷамъоварии ҳосили пахта фиристодагон – ҳудуди 400 нафарро намояндагони бахши тандурустӣ ташкил медиҳанд.

Иброҳимов зикр кард, ки ҳамаи онҳо то иҷрои нақшаи давлатии ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Зафаробод ба пахтачинӣ машғул хоҳанд буд. «Мо пешакӣ аз ҷойҳои истиқомату кори онҳо боздид намуда, аз вазъи бошишгоҳҳои саҳроӣ қаноатманд шудем», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.