Қатъи фаъолияти як гурӯҳи нашъаҷаллобон дар Суғд

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар рӯзҳои ид фаъолияти гурӯҳи ҷинояткоронро, ки дар ҳудуди вилоят ба фурӯши маводи нашъадор машғул буданд, қатъ намуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 3 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди вилоят ба фурӯши маводи нашъаовари навъи ҳашиш […]

ASIA-Plus


Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар рӯзҳои ид фаъолияти гурӯҳи ҷинояткоронро, ки дар ҳудуди вилоят ба фурӯши маводи нашъадор машғул буданд, қатъ намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 3 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди вилоят ба фурӯши маводи нашъаовари навъи ҳашиш машғул буданд, дастгир шуданд. Яке аз дастгиршудагон хонандаи синфи 11-уми гимназияи шаҳри Хуҷанд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки ташкилотчии гурӯҳи ҷиноятпеша истиқоматкунандаи 34-солаи шаҳри Чкаловск буда, соли 2010 барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 «қаллобӣ» КҶ ҶТ УК РТ суд шудааст. Ҳамзамон дар вақти азназаргузаронии автомашинаи роҳбари гурӯҳи мазкур аз дохили он низ маводи нашъаовари ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати иштирокчиёни гурӯҳи нашъаҷаллобон бо моддаи 200, қисми 3 КҶ ҶТ «муомилоти маводи нашъаовар бо мақсади фурӯш» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.