Шабдолов: Бобоназарова номзади арзанда ба мансаби президентӣ аст

Дар робита ба пешбарии номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мансаби президентӣ аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили МНМО ҶТ Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки Бобоназарова ҳамеша дорои мавқеи сиёсии худ буда, бо андешаҳои ғайритундгароёна фарқ мекунад. Ба андешаи раиси ҲКТ, миёни ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ Бобоназарова ҳеҷ гоҳ калаванда набуда, нисбати ҳукумати […]

Аваз Юлдошев


Дар робита ба пешбарии номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мансаби президентӣ аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили МНМО ҶТ Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки Бобоназарова ҳамеша дорои мавқеи сиёсии худ буда, бо андешаҳои ғайритундгароёна фарқ мекунад.

Ба андешаи раиси ҲКТ, миёни ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ Бобоназарова ҳеҷ гоҳ калаванда набуда, нисбати ҳукумати кунунӣ аз рӯи аксари масоил назари танқидӣ дорад ва бо ин сабаб аз ҷониби мақомоти раҳбарии кишвар хуш пазируфта намешавад. «Номзадии Бобоназарова ба президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ алтернативаи ҷиддӣ шуда метавонад», – гуфт ӯ.

Дар идома Шабдолов зикр кард, ки сарфи назар аз ин, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ карданӣ нест. «Мо дар интихобот бо барнома ва номзади худ иштирок мекунем», – афзуд раиси ҲКТ.

Ёдрас мекунем, ки

қаблан

раиси ҲКТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки дар интихоботи президентӣ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо аҳзоби сиёсии дигар ба эътилоф ворид намешавад. «Ҳизб ҳамчунин номзади ягона аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба мансаби президентиро низ дастгирӣ карданӣ нест», – иброз дошта буд Шабдолов. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.