Мавзӯи асосии ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Олмон энергетика аст

Дар ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки нимаи дуюми имрӯз дар қароргоҳи беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон «Пуғус», воқеъ дар ноҳияи Варзоб доир мегардад, баррасии рушди бахши энергетика мавзӯи асосии рӯзнома аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, дар ҳамоиш, аз ҷумла баррасии масъалаҳои имкони муштаракан роҳандозии истеҳсоли […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки нимаи дуюми имрӯз дар қароргоҳи беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон «Пуғус», воқеъ дар ноҳияи Варзоб доир мегардад, баррасии рушди бахши энергетика мавзӯи асосии рӯзнома аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, дар ҳамоиш, аз ҷумла баррасии масъалаҳои имкони муштаракан роҳандозии истеҳсоли таҷҳизот барои тавлиди энергияи офтобӣ, таъмини истифодаи пурсамари энергия ва имкони сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон дар назар аст.

Ба ҳайати тоҷирони Олмон беш аз 40 нафар соҳибкорон шомиланд, ки ширкатҳои гуногун дар соҳаҳои энергетика, саноат, бахши кишоварзӣ ва ғайраро намояндагӣ мекунанд.  Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз ҳудуди 100 нафар тоҷирон иборат аст.

Бино ба маълумоти Кумита, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ миёни Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои иқтисолдиву иҷтимоӣ 46 санади дуҷониба ба имзо расидааст, ки нишондиҳандаи беҳтарин миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст. «Дар зарфи 20 соли роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ Олмон баҳри дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон 140 млн. евро маблағ равона кард», – гуфтанд дар Кумита.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2012 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Олмон ҳудуди 35 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба андозаи 5% камтар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.