Мулоқоти вазири корҳои дохилии ҶТ бо сафири ИМА

Чанде қабл зимни мулоқоти вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эм Эллиот масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши таҳкими амният баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, дар робита ба солгарди фоҷеаи даҳшатноки санаи 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк, Рамазон Раҳимов изҳори […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл зимни мулоқоти вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эм Эллиот масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши таҳкими амният баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, дар робита ба солгарди фоҷеаи даҳшатноки санаи 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк, Рамазон Раҳимов изҳори тасаллият намуда, аз ҷумла зикр кард:

«Амали террористии мазкур дар ИМА фоҷеаи саросари дунё аст, ки асараш дар хотироти тамоми мардуми ҷаҳон боқӣ мемонад. Алайҳи терроризм, ки хусусияти ҷаҳониро касб кардааст, мо бояд якҷоя мубориза барем».

Дар навбати худ Сюзан Эм Эллиот изҳор намуд, ки сафорати ИМА ба ҳамкориҳо бо вазорат дар амалисозии барномаҳои амалишаванда оид ба таҳкими робитаи кормандони милиса бо аҳолӣ, беҳбуди нақши занон дар ҷомеа, баргузории тренингҳову семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ идома мебахшад.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили марбут ба хатарҳои эҳтимолӣ баъди хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният (ISAF) аз Афғонистон табодули назар намуда, ба тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.