Натоиҷи вохӯриҳои даври аввали чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон

Шоми дирӯз cе вохӯрии даври аввали чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бо ҳисоби якхелаи 2 бар 1 бар дастаҳои мизбон – мутаносибан «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ғолиб омаданд. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони […]

ASIA-Plus


Шоми дирӯз cе вохӯрии даври аввали чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бо ҳисоби якхелаи 2 бар 1 бар дастаҳои мизбон – мутаносибан «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ғолиб омаданд. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бо ҳисоби 2 бар 0 бар дастаи «Энергетик»-и Душанбе дастболо шуд.

Қобили зикр аст, ки вохӯрии ҷуфти дигари даври чаҳоряякфиналӣ рӯзи 10-уми сентябр доир гардида, дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд дар майдони худ аз дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд. Бозиҳои ҷавобии даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзҳои 17 ва 18-уми сентябр баргузор мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.