Оқилов дар иҷлоси 68-уми МУ СММ суханронӣ мекунад

Аввали ҳафтаи равон дар Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва ҳамкории Маркази байналмилалии идоракунии хатарҳо ва офатҳои марбут ба об (International Center on Water Hazard and Risk Management, ICHARM/UNESCO) нишасти Гурӯҳи “Дӯстони об” баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нишастро Намояндаи доимии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд […]

ASIA-Plus


Аввали ҳафтаи равон дар Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва ҳамкории Маркази байналмилалии идоракунии хатарҳо ва офатҳои марбут ба об (International Center on Water Hazard and Risk Management, ICHARM/UNESCO) нишасти Гурӯҳи “Дӯстони об” баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нишастро Намояндаи доимии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур пайгирии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мунтазам муҳокима кардани масъалаҳои марбут ба офатҳои табиии вобаста ба захираҳои обӣ, ки зимни суханронии ӯ ҳангоми маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об 20 августи соли 2013 эълом гашта буд, мебошад.

Ба иттили манбаъ, роҳбари Маркази байналмилалии мудирияти хатарҳо ва офатҳои марбут ба об доктор Кензо Ҳирокӣ таъкид кард, ки масъалаи офатҳои табиии вобаста ба об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин соҳа аз ҷониби ширкаткунандагони Конфронси Душанбе дастгирӣ ёфта, дар санади ниҳоии он ҳамоиш низ бозтоб ёфтааст. Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардид, ки масъалаи мазкур дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии СММ ба таври мунтазам мавриди муҳокима қарор дода шавад. Ба ин мақсад, К. Ҳирокӣ даъват кард, ки ҷиҳати пайгирии масъалаи мазкур лоиҳаи қатъномаи дахлдори МУ СММ таҳия гардад.

Гуфта мешавад, намояндагони доимӣ ва сафирони Афғонистон, Танзания, Намибия, Ямайка, Ҷумҳурии Доминикан ва Кабо Верде дар СММ, ки дар Конфронси Душанбе ширкат карда буданд, иқдоми ҷониби Тоҷикистонро дар масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиии марбут ба об дастгирӣ намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар хотимаи нишасти Гурӯҳи “Дӯстони об” С. Аслов хабар дод, ки ба манзури муаррифӣ намудани натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанбе, Намояндагии доимии Тоҷикистон 25 сентябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби мубоҳисаҳои умумии 68-умин иҷлоси Маҷмааи Умумӣ ҷаласаи махсусро таҳти раёсати Сарвазири кишвар Оқил Оқилов баргузор хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.