Даъвати Зойиров оид ба муттаҳидшавӣ атрофи Ойниҳол Бобоназарова

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз тамоми ҷонибдоронаш даъват ба амал овард, ки дар маъракаи интихоботи президентӣ атрофи номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназарова муттаҳид шаванд. Раҳматилло Зойиров дар изҳороти худ дар ин робита қайд мекунад, ки маъракаи интихоботи президентӣ рӯйдоди муҳиму пурмасъулият ва ҳамзамон тақдирсоз дар таърихи муосир буда, […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз тамоми ҷонибдоронаш даъват ба амал овард, ки дар маъракаи интихоботи президентӣ атрофи номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназарова муттаҳид шаванд.

Раҳматилло Зойиров дар изҳороти худ дар ин робита қайд мекунад, ки маъракаи интихоботи президентӣ рӯйдоди муҳиму пурмасъулият ва ҳамзамон тақдирсоз дар таърихи муосир буда, дархост мекунад, ки аз ранҷишу ҳақ будан ё набудани касеву чизе мебояд даст кашид ва ҳатто хатогиҳои кӯчакеро ҳам мебояд сарфи назар кард, зеро дар акси ҳол, «моро лозим меояд, ки муддати зиёде бо онҳо сарукор дошта бошем».

«Мо имрӯз ба сифати номазади ягона аз ИНИТ Ойниҳол Бобоназароваро пешбарӣ намудем. Восита ва имконоти мухолифон ё ҷонибдоронро муқоиса намекунем, балки ба дастгирии номзадии ӯ аз ИНИТ, нахустин зани тоҷик ба мансаби президентӣ гирдиҳам меоем», – даъват мекунад Зойиров.

Ба гуфтаи ӯ, минбаъд эҳсосот хомӯш шуда, вақт довари замон хоҳад буд. «Вале вазифаи имрӯзаи мо ҷудоӣ наандохтан аст ва баҳри ноил гардидан ба он мо ба пеш равонаем, гузаштҳо мекунем ва ман номзадиамро барои боз ҳам қавитар шудан, мубориза бурдан баҳри исботи доштани ҳуқуқ ба зиндагии шоиста – озодонаву бидуни ҳарос ва эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқҳои ҳамдигар бозпас гирифтам», – изҳор доштааст Зойиров.

Ӯ аз ҷонибдорони худ, аз ҷумла аъзои ҲСДТ, ҳамчунин Ҷунбиши миллии Тоҷикистон, Гурӯҳи 24, Ҳаракати миллии «Ватандор», фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кард, ки мухолифатро як сӯ гузошта, аз номзади ягонаи ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ба сифати номзади ягона аз Иттиҳод ба мансаби президентӣ ҳуқуқшиноси маъруф Ойниҳол Бобоназароваро пешбарӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.