Ҳушдори ФАО аз оқибатҳои талафоти ғизо барои муҳити зист

Дар гузориши Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) таҳти унвони «Оқибатҳои партовҳои ғизойӣ: таъсир ба захираҳои табиӣ» оқибатҳои партовҳои ғизо барои муҳити зист, бахусус иқлим, захираҳои обу замин ва гуногуншаклии биологӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Ба эътиқоди муаллифони гузориш, 1,3 млрд. тонна ғизои дар саросари сайёра истеҳсолшуда ба партовҳои ғизо табдил гардида, зиёни иқтисодии ҳамасола […]

ASIA-Plus


Дар гузориши Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) таҳти унвони «Оқибатҳои партовҳои ғизойӣ: таъсир ба захираҳои табиӣ» оқибатҳои партовҳои ғизо барои муҳити зист, бахусус иқлим, захираҳои обу замин ва гуногуншаклии биологӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Ба эътиқоди муаллифони гузориш, 1,3 млрд. тонна ғизои дар саросари сайёра истеҳсолшуда ба партовҳои ғизо табдил гардида, зиёни иқтисодии ҳамасола аз талафоти ғизо 750 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Талафоти ғизо ба устувории таъминот бо ғизо таъсири бузург дошта, агар мо ин талафотро коҳиш диҳем, афзудани истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ ва масрафи захираҳои табиӣ барои он зарурати зиёд надорад», – изҳор доштааст роҳбари ФАО Гратсиано да Силва.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми обе, ки барои истеҳсоли маҳсулоти ғизойии партобмешуда масраф мегардад, бо ҳаҷми солонаи маҷрои дарёи Волга баробар буда, сарчашмаи партоби 3,3 гигатонн газҳои буғӣ ба атмосфера мебошад.

Бино ба маълумоти ФАО, 54%-и партовҳои ғизойӣ дар саросари ҷаҳон дар марҳилаи истеҳсол, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳосил партофта шуда, 46%-и он зимни коркард, фурӯш ва истеъмол талаф меёбанд.

Ба сифати тадбирҳои пешгирӣ муаллифони гузориш коҳиш додани ҳаҷми партовҳои ғизойӣ, истифодаи такрории маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳолати истеҳсоли дубораи он, дарёфти бозорҳои дуввумдараҷаи фурӯш ё расонидани кӯмаки ғизойӣ ба қишри аҳолии осебпазирро тавсия медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.