Веломарафони кӯдакона дар Душанбе дар Рӯзи ихтирои велосипед

Ба муносибати таҷлили Рӯзи ихтирои велосипед дар Боғи ботаникии Душанбе чорабинии веломарафони хурди кӯдакона доир мегардад. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» бо мусоидати Федератсияи варзиши велосипедронии Тоҷикистон баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази амалисозии лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ хабар доданд, ҳадаф […]

ASIA-Plus


Ба муносибати таҷлили Рӯзи ихтирои велосипед дар Боғи ботаникии Душанбе чорабинии веломарафони хурди кӯдакона доир мегардад.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» бо мусоидати Федератсияи варзиши велосипедронии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази амалисозии лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ хабар доданд, ҳадаф аз чорабинии мазкур таблиғи варзиши велосипедронӣ ва дигар навъҳои варзиши ғайримуҳаррикӣ ва ҳамчунин таблиғи тарзи солим ва фаъоли ҳаёт аст.

«Дар доираи чорабинӣ баргузории мусобиқот барои велосипедронон ва дорандагони дигар навъҳои дучархаи ғайримуҳаррик (худрав (самокат), ролик)-и синусоли аз 3 то 12-сола дар назар буда, гурӯҳи аввали кӯдакон (аз 3 то 7-сола) масофаи 60-100 метр ва гурӯҳи дуюм (аз 8 то 12-сола) масофаи 1-1,5 километрро тай мекунанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ба мусобиқот тамоми хоҳишмандони дорои велосипед ва дигар навъҳои дучархаҳои ғайримуҳаррики коршоям роҳ дода шуда, ғолибонро тӯҳфаву ҷоиза ва торти идона интизор аст.

Зимнан зикр гардид, ки чорабинӣ рӯзи 15-уми сентябр дар Боғи ботаникии пойтахт аз соати 11 то 13 баргузор шуда, бақайдгирии иштирокчиён соати 10:30 оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки маҳз санаи 15-уми сентябри соли 1801 оҳангари крепостноии рус ба инсоният «пойҳои тез»-ро, ки тарҷумаи лотиниаш «велосипед» аст, туҳфа намуда, якумрӣ ба сафҳаи таърихи ҷаҳон шомил шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.