Тӯраҷонзода ба шахси бовариноки номзади ягона аз ИНИТ шудан омода аст

– Воқеияти имрӯзи Тоҷикистон Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНТИ)-ро водор намуд ба хулосае бирасанд, ки ҳуқуқшиноси маъруф ва ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназароваро ба номзадии мансаби президентӣ пешбарӣ кунанд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода. «Имконоти Бобоназарова ба пирӯзӣ дар интихобот дар навбати аввал ба мардуми кишвар […]

Аваз Юлдошев


– Воқеияти имрӯзи Тоҷикистон Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНТИ)-ро водор намуд ба хулосае бирасанд, ки ҳуқуқшиноси маъруф ва ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназароваро ба номзадии мансаби президентӣ пешбарӣ кунанд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

«Имконоти Бобоназарова ба пирӯзӣ дар интихобот дар навбати аввал ба мардуми кишвар вобаста аст. Шарҳ медиҳам, агар мардуми Тоҷикистон воқеъан ҳам хостори тағйирот дар кишвар ва зиндагии худ бошанд, пас номзади мухолифонро дастгирӣ мекунанд. Ин ҷо муҳим он аст, ки то чӣ андоза худи номзад ва дастаи пешазинтихоботии ӯ мардумро ба барномаи худ эътиқодманд месозанд ва чӣ гуна ситоди Бобоназарова фаъолият хоҳад дошту худи ӯ чӣ тарз барномаву ҳадафҳояшро то мардум мерасонад», – зикр кард Тӯраҷонзода.

Дар идома ӯ изҳор кард, ки тибқи мувофиқаи пешакӣ, ҳамаи аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таъсиси ИНИТ бояд ба сафи шахсони бовариноки номзади ягона аз мухолифин шомил шаванд. «Дар ин робита ман ҳамчун узви гурӯҳи кории мазкур омодаам, ки шахси бовариноки номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова бошам», – афзуд Тӯраҷонзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.