Сафири тозатаъини Русия ба Душанбе меояд

Сафири тозатаъини Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов имрӯз ба Душанбе меояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафорати Русия дар ҶТ хабар доданд, рӯзҳои нахусти будубош дар пойтахти Тоҷикистон дипломат ба вазири корҳои хориҷии ҶТ нусхаҳои эътимодномаҳоро супурда, сипас бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид анҷом медиҳад. Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи августи […]

Валентина Кондрашова


Сафири тозатаъини Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов имрӯз ба Душанбе меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафорати Русия дар ҶТ хабар доданд, рӯзҳои нахусти будубош дар пойтахти Тоҷикистон дипломат ба вазири корҳои хориҷии ҶТ нусхаҳои эътимодномаҳоро супурда, сипас бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи августи соли ҷорӣ президенти Русия Владимир Путин дар бораи аз вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон озод шудани Юрий Попов ва ба ин масаб таъин гардидани Игор Лякин-Фролов фармон ба имзо расонид.

Қобили зикр аст, ки қаблан Игор Лякин-Фролов ба ҳайси намояндаи ваколатдори Русия дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ фаъолият дошта, тайи солҳои 1972-1978 дар мансабҳои гуногуни дипломатӣ дар Дастгоҳи марказии ВКХ ИҶШС ва хориҷи кишвар фаъолият намудааст.

Солҳои 1992-1995 ӯ ба ҳайси муовини директори Департаменти хадамоти консулгарии ВКХ Русия, 1995-1999 – сафири Русия дар Ҷумҳурии Бурунди, 1999-2003 – муовини директори Департаменти кишварҳои узви ИДМ дар ВКХ Русия ва аз соли 2003 – сафири Русия дар Ҷумҳурии Ботсвана ифои вазифа кардааст. Унвони дипломатии сафир ва намояндаи ваколатдори дараҷаи 1-ро доро буда, забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва чиниро балад аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.