Нахуствзири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк қарор дорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳошияи иштирок дар ин чорабинӣ нахуствазири Тоҷикистон як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом медиҳад.
«Барои пешниҳоди маълумот дар бораи натиҷаҳои Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Душанбе намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар доираи муколамаҳои иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ таҳти раёсати Оқил Оқилов як чорабинии махсус созмон доданист», – гуфт манбаъ.



