Даври интихобии Чемпионати футболи Осиё: Тоҷикистон-Ҳиндустон – 1:1

Вохӯрии аввали дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон дар мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар дақиқаи 36-уми вохӯрӣ футболбозони тоҷик ҳисобро кушода, вале дар дақиқаи 57-ум ҳарифон бо зарбаи ҷаримавии […]


Вохӯрии аввали дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон дар мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар дақиқаи 36-уми вохӯрӣ футболбозони тоҷик ҳисобро кушода, вале дар дақиқаи 57-ум ҳарифон бо зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисобро баробар кардаанд.

Сармураббии дастаи наврасони Тоҷикистон Чикаши Сузуки пас аз бозӣ изҳор намудааст, ки дар ин вохӯрӣ Тоҷикистон ба бартарӣ соҳиб буда, вале аз имконоти зиёди голзанӣ хуб истифода накардааст.

«Таъини ҷаримаи 11-метра ба дарвозаи мо иштибоҳи довар аст ва ба дарвозаи ҳариф низ ахири бозӣ бояд зарбаи11-метра таъин мешуд, вале ман намефаҳмам, ки чаро довар онро таъин накард. Имкони ишғоли зинаи аввал дар гурӯҳро мо аз даст надодаем ва ба бозиҳои дигар омодагӣ гирифта, то ахир кӯшиш хоҳем кард», – иброз доштааст сармураббӣ.

Гуфта мешавад, имрӯз вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бо дастаи Бутан доир мегардад. Вохӯриҳои дигари дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рӯзи 27-уми сентябр бо дастаи Қувайт ва рӯзи 29-уми сентябр бо дастаи Лубнон баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯриҳои давраи инихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар гурӯҳи «А» аз 21 то 29-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Алӣ Сабоҳ Ал-Салом дар Ал-Қувайт доир мегарданд.

Ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин аз ҳисоби тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) соли оянда дар Тайиланд баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.