Ҳисоботи омодагии Тоҷикистон ба низоми ШДБХ моҳи ноябр пешниҳод мегардад

Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо гурӯҳи намояндагони Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ масоили таҳияи ҳисобот оид ба баҳодиҳии омодагии кишвар ба татбиқи низоми Шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ), ки дар доираи барномаи Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ (КИАСММ) амалӣ шуда истодааст, баррасӣ шуд. Бино ба […]


Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо гурӯҳи намояндагони Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ масоили таҳияи ҳисобот оид ба баҳодиҳии омодагии кишвар ба татбиқи низоми Шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ), ки дар доираи барномаи Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ (КИАСММ) амалӣ шуда истодааст, баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар ибтидои вохӯрӣ Давлаталӣ Саидов ба мутахассисони хориҷӣ барои амалӣ намудани корҳо оид ба омодасозии ҳисобот миннатдории худро баён намуда, қайд кард, ки Кумита бо мақсади рушди самти мазкур чораҳои назаррасро анҷом додааст. Дар ин раванд, лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд таҳия шуда, 28 декабри соли 2012 қабул гардид.

Зикр гардид, ки ҳамчунин Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таъсис дода шуд. «Ҳамаи ин дар маҷмўъ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ сиёсати давлатиро дар ин самт ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи шарикии давлат ва бахши хусусиро дар кишвар амалӣ мегардонад», – иброз дошт Саидов.

Роҳбари гурӯҳи мутахассисони КИАСММ – Артур Смит зикр намуд, ки мутахассисон айни замон дар марҳалаи анҷомёбии корҳои омодасозии ҳисобот барои Тоҷикистон қарор доранд ва дар назар аст, ки он моҳи ноябри соли 2013 ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.

Дар фарҷоми вохўрӣ тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо мақсади пешниҳоди нақшаи ҳамкорӣ дар самти рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Маркази байналмилалии КИАСММ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки баҳри таҳия ва паҳн намудани беҳтарин таҷриба ва стандартҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шудааст, омодагии худро изҳор намудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.