Оғози омодагиҳо ба маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон

Нимаи моҳи ноябр пас аз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар афсарону сарбозони гарнизони Душанбе, намояндагони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузашти низомӣ доир мегардад. Дар ин бора ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ огаҳӣ ёфт. Қабл аз гузашт дар майдон маросими савгандёдкунии афсарону сарбозони […]


Нимаи моҳи ноябр пас аз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар афсарону сарбозони гарнизони Душанбе, намояндагони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузашти низомӣ доир мегардад. Дар ин бора ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ огаҳӣ ёфт.

Қабл аз гузашт дар майдон маросими савгандёдкунии афсарону сарбозони воҳидҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарони мақомоти қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба садоқат ба президент баргузор мешавад. «Имрӯз аллакай омодагӣ ба гузашт ва маросими савгандёдкунӣ оғоз мегардад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ба гузашт сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи нерӯҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар генерал-майор Латиф Файзиев роҳбарӣ намуда, гузаштро вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев қабул мекунад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз 6 нафар – аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.