КМИР: Дар ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ҳеҷ мушкиле нест

spot_imgspot_img

Дата:


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо камоли масъулият изҳор мекунад, ки дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ин ё он номзад ба мансаби президенти кишвар ҳеҷ мушкилие ҷой надорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод.

«Моро мавқеи чанде аз намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала дар ҳайрат мегузорад. Оид ба ҳама гуна масоиле, ки дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади онҳо Ойниҳол Бобоназарова пайдо мешавад, онҳо дарҳол барои матбуот дар бораи гӯё аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ монеъа эҷод кардан изҳорот медиҳанд, вале моҳиятан ин масъаларо дар ҳамон ҷо бо саривақт муроҷиат кардан ба КМИР метавон ҳал намуд», – зикр кард Додоев.

Ба гуфтаи ӯ, лаҳзаҳои корие, ки намояндагони ҲНИТ бо он дар шаҳри Турсунзодаву ноҳияҳои Мӯъминобод ва Рашт дучор шудаанд, фавран тавассути телефон аз ҷониби КМИР ҳаллу фасл гардидаанд.

«Намояндагони дигар аҳзоби сиёсӣ, ки номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуданд, то ҳол дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба мушкилие мувоҷеҳ нагардидаанд», – афзуд номбурда.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...