Даъвати ситоди Бобоназарова оид ба чопи варақаҳои интихоботӣ дар нашриёти хусусӣ

spot_imgspot_img

Дата:


– Вақте варақаҳои интихоботӣ дар нашриёти ба Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат зертобеъи «Шарқи озод» ба чоп мерасанд, дар бораи демокративу шаффоф будани интихобот ҳарф задан ҳадди ақал соддалавҳонаву хандаовар аст, – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит.

Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи чопи варақаҳои интихоботӣ дар маъракаи интихоботи парлумонии соли 2010 дар нашриёти «Шарқи озод» нишон дод, ки ҷараёни чоп бидуни назорати аҳзоби сиёсӣ, аҳли ҷомеа ва танҳо таҳти назорати мақомоти давлатӣ сурат гирифт.

«Тасаввур намоед, дар «Шарқи озод» варақаҳоро бидуни ҳама гуна назорат чоп карданд ва ҳеҷ касе огаҳӣ надорад, ки маводи заминавии он нест шудааст ё на ва ё оё шумори бештари ин варақаҳо ба чоп нарасидааст», – зикк кард Ҳайит.

Дар идома номбурда таъкид дошт, ки нашри  варақаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар мувофиқи мақсад буда, агар он аз ҷиҳати моддӣ серхароҷот бошад, метавон онро дар нашриёти хусусии дохили ҷумҳурӣ ба чоп расонид ва ин ҳам дар ҳолест, ки заминаи моддиву техникии чанде аз нашриёти хусусӣ аз «Шарқи озод» хеле хубтар аст.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки то имрӯз раисони беш аз 20 шаҳру навоҳӣ бо баҳонаҳои гуногун ба ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад О.Бобоназарова монеъаҳо эҷод мекунанд.

«Раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон изҳор намуд, ки вобаста ба шумори аъзои ҲНИТ дар ноҳия ба ҳамин шумор варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро тасдиқ мекунад», – афзуд М.Ҳайит.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...