Итифоқҳои касаба номзадии Э. Раҳмонро ба мансаби президент пешбарӣ кард

Дар анҷумани пешазинтихоботии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадии президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби сарвари давлат пешбарӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов хабар дод, ҳамаи 246 нафар вакилони анҷуман ба ҷонибдории номзадии Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. «Айни замон Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар сафҳои худ […]

Аваз Юлдошев


Дар анҷумани пешазинтихоботии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадии президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби сарвари давлат пешбарӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов хабар дод, ҳамаи 246 нафар вакилони анҷуман ба ҷонибдории номзадии Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.

«Айни замон Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар сафҳои худ беш аз 2 млн. 100 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳид месозад», – таъкид дошт Солеҳов.

Қобили зикр аст, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон соли 1926 таъсис дода шуд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 1991 ҳамчун вориси Шӯрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Ҳамин тариқ, то имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд. Аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Иттифоқи ҷавонон ва Итифоқҳои касабаи Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.