Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Шӯрои нақлиётӣ дар Истанбул

Дар шаҳри Истанбули Туркия Форуми 11‑и Шурои нақлиётӣ, ҳамлу нақли баҳрӣ ва алоқа, баргузор гардид, ки «Ояндаи ҷаҳонишавии нақлиёт ва имкониятҳои сармоягузории хориҷӣ дар ин самт» аз мавзӯоти асосии Форуми мазкур ба ҳисоб мерафт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар Форум намояндагон аз 23 давлати Осиё, Аврупо ва ИМА, инчунин якчанд ташкилотҳои […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Истанбули Туркия Форуми 11‑и Шурои нақлиётӣ, ҳамлу нақли баҳрӣ ва алоқа, баргузор гардид, ки «Ояндаи ҷаҳонишавии нақлиёт ва имкониятҳои сармоягузории хориҷӣ дар ин самт» аз мавзӯоти асосии Форуми мазкур ба ҳисоб мерафт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар Форум намояндагон аз 23 давлати Осиё, Аврупо ва ИМА, инчунин якчанд ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ECО), Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ (OIC), Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсионӣ (ITU), Федератсияи байналмилалии роҳҳо (IRF) ва ғайра иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар форум муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон – Ганҷалов Ш.Р ва муовини сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ – Саидов Қ. муаррифӣ намуда, вобаста ба дастдовардҳои ҷониби Тоҷикистон дар самти рушди муносиботи минтақавию ҷаҳонӣ, ҳамгироии системаи нақлиётии кишвар бо системаи нақлиётии ҷаҳонӣ, такмили заминаи қонунгузории соҳа бо назардошти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин бунёд ва ташаккули шабакаи марказҳои логистикӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, мутобиқи барномаи Форум мулоқотҳои дуҷонибаю бисёрҷониба байни намояндагони кишварҳои иштирокчӣ, аз ҷумла бо вазири нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон Довуд Алӣ Наҷафӣ, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қазоқистон Аскар Жумагалиев ва вазири нақлиёт ва роҳҳои Эрон Аббос Ахоундӣ мулоқотҳо оид ба масоили рушди муносиботи тарафайн дар самти ҳамлу нақли автомобилӣ анҷом дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.