Зайд Саидовро боз ба як таҷовуз ба номус айбдор мекунанд

Нисбат ба соҳибкор Зайд Саидов айбномаҳои нав – таҷовуз ба номуси духтари хурдсол ва ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ пешниҳод шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Кудратов, адвокати соҳибкор хабар дод, нимаи дуюми рӯзи 24-уми сентябр муфаттишони Агентии зиддифасод Зайд Саидов ва ҳимоятгарони ӯро ба бинои Агентӣ даъват намуда, ҷабрдидаи имконпазирро бо ӯ рӯбарӯ кардаанд. […]

ASIA-Plus


Нисбат ба соҳибкор Зайд Саидов айбномаҳои нав – таҷовуз ба номуси духтари хурдсол ва ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ пешниҳод шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Кудратов, адвокати соҳибкор хабар дод, нимаи дуюми рӯзи 24-уми сентябр муфаттишони Агентии зиддифасод Зайд Саидов ва ҳимоятгарони ӯро ба бинои Агентӣ даъват намуда, ҷабрдидаи имконпазирро бо ӯ рӯбарӯ кардаанд.

«Нисбати Зайд Саидов тибқи моддаҳои 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) ва 138 (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида)- КҶ ҶТ ду айбномаи нав пешниҳод шуд. Айни замон ин духтар 15-сола буда, гӯё ин амал дар синни 12-солагии ӯ содир шудааст. Зайд Саидов бори нахуст ин духтарро дида, даст ба чунин ҷиноят назадааст», – гуфт Қудратов.

Ба гуфтаи адвокат, ба гурӯҳи тафтишотӣ прокурори Агентӣ Зуҳал Раҳимов сарварӣ мекунад, ки ҳафтаи гузашта посбонони бӯстонсарои соҳибкорро назди худ даъват намуда, маҷбур кардааст, ки муқобили Зайд Саидов дар бораи гӯё ба бӯстонсаро духтаронро овардани ӯ баёнот диҳанд, вале посбонон ба ин розӣ нашуда, аз болои амали Агентӣ ба Прокуратураи генралӣ шикоят бурдаанд.

«Дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи Зайд Саидов танаффус эълон шуда, дар ин муддат мақомоти тафтишот айбномаҳои нав нисбат ба соҳибкорро ба суд пешниҳод мекунад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.