Расидагии КМИР ба ҳалли масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз ба масъалаи баҳси ҳукуматҳои маҳаллӣ бо намояндагони гурӯҳҳои ташаббускор дар масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансабаи президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова хотима бахшиданист. Ба гуфтаи роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев, рӯзи сешанбе зимни машварат бо намояндаи ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов дар бораи аз ҷониби ҲНИТ пешниҳод […]

Аваз Юлдошев


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз ба масъалаи баҳси ҳукуматҳои маҳаллӣ бо намояндагони гурӯҳҳои ташаббускор дар масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансабаи президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова хотима бахшиданист.

Ба гуфтаи роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев, рӯзи сешанбе зимни машварат бо намояндаи ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов дар бораи аз ҷониби ҲНИТ пешниҳод шудани рӯйхати шаҳру навоҳие, ки ба ҷамъоварии имзоҳо монеъа эҷод мекунанд, мувофиқа ҳосил шудааст.

«Ғайр аз ин, мо бори дигар ба намояндаи ҲНИТ шарҳ додем, ки мутобиқи қонунгузории кишвар, бидуни варақаи тасдиқшудаи рӯйхати гурӯҳи ташаббускор, ишораи ба ҷонибдории кадом номзад ҷамъоварӣ кардани имзо ва зикри ному насаби афроди масъули ҷамъоварии имзоҳо раисони шаҳру навоҳӣ варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро тасдиқ карда наметавонанд», – зикр кард Додоев.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони дигар аҳзоби сиёсӣ, ки номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуданд, то ҳол дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба мушкилие мувоҷеҳ нагардидаанд.

«Танҳо дар як ноҳия бо сабаби фаъолият надоштани бахши маҳалли ҳизб, тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади Ҳизби сотсиалистро ғайриқонунӣ рад кардаанд, ки ин масъала баъди муроҷиати ҲСТ ба КМИР ҳаллу фасл гардид», – гуфт Додоев.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Муҳаммадлии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзад Ойниҳол Бобоназарова, ба санаи 24-уми сентябр дар 48 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади мазкур тасдиқ шудаанд.

«Раисони беш аз 20 шаҳру навоҳӣ бо баҳонаҳои гуногун то ҳанӯз варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ О.Бобоназароваро тасдиқ накарданд», – изҳор дошт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст