Корҳои сохтмонӣ дар агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» идома доранд

Корҳои насбу сохтмон дар агрегати дуюми нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-2» аз ҷониби бинокорони эронӣ идома доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон танҳо як агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор дорад, ки моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон мавриди амал қарор гирифта буд. Интизорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Корҳои насбу сохтмон дар агрегати дуюми нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-2» аз ҷониби бинокорони эронӣ идома доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон танҳо як агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор дорад, ки моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон мавриди амал қарор гирифта буд.

Интизорӣ меравад, ки пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агргегати дуюми нерӯгоҳ бо иқтидори 110 МВт, истеҳсоли нерӯи барқ дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ ба андозаи 500 млн. кВт/соат меафзояд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» моҳи марти ҳамин сол дар назар буд, вале бо сабабҳои номаълум ба кор даровардани агрегат ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуд.

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Ширкати эронии «Сангоб» паймонкори кулли сохтмони ин нерӯгоҳ мебошад.

Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио