Вохӯрии намояндагони мақомоти зиддимухаддиротии Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳайати Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовар (ХДНМН)-и назди ҳукумати Қирғизистон ба Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ташриф оварданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти вохӯрӣ директори Агентӣ  генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо роҳбарӣ гурӯҳ муовини  раиси ХДНМН Кубаничбек Алимқулов вохӯрд, ки дар он дар бораи раванди рушди вазъи […]

ASIA-Plus


Ҳайати Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовар (ХДНМН)-и назди ҳукумати Қирғизистон ба Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ташриф оварданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти вохӯрӣ директори Агентӣ  генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо роҳбарӣ гурӯҳ муовини  раиси ХДНМН Кубаничбек Алимқулов вохӯрд, ки дар он дар бораи раванди рушди вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба меҳмонон маълумот дод.

Роҳбари АНМН оид ба тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир анҷом медиҳад, инчунин дар бораи дастовардҳо ва дурнамои инкишофи Агентӣ ба ҳайати меҳмонон маълумоти муфассал дод. Инчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима гардид.

Ҷонибҳо қайд намуданд, ки ҳамкориҳои байни АНМН ҶТ ва ХДНМН ҶҚ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор пеш аз ҳама ба манфиати халқҳои бародару дӯст хизмат намуда, барои таъмини бехатарӣ дар минтақа равона гардидаанд.Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки  минбаъд низ саъю кӯшиш ва ҳамкориии дуҷонибаро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар фаъолона баранд.

Дар доираи сафари худ, ҳайати қирғизон ба Маркази миллии бозомӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар хадамоти кинологии Агентӣ сохта шудааст, ташриф оварданд. Ҳайати меҳмонон бо сохтори Маркази Кинологӣ, банақшагирӣ ва ташкили фаъолияти он, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои истифодаи амалии сагҳои хизматӣ дар кофтуков ва ошкорсозии маводи нашъадор шинос карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.