Вохӯрии сеҷонибаи мақомоти зиддимухаддиротӣ дар Душанбе

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи коршиносони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – ташаббуси АҚТ  ҷараён дорад, ки дар он намояндагони РСММ оид ба ҷинояткорӣ ва мухаддирот низ ҳузузр доранд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, 27 сентябр дар сухани ифтитоҳӣ  муовини Директори Агентӣ  Бунафша Одинаева қайд намуд: « […]

ASIA-Plus


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи коршиносони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – ташаббуси АҚТ  ҷараён дорад, ки дар он намояндагони РСММ оид ба ҷинояткорӣ ва мухаддирот низ ҳузузр доранд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, 27 сентябр дар сухани ифтитоҳӣ  муовини Директори Агентӣ  Бунафша Одинаева қайд намуд: « Бо мақсади ба ҳам овардани кӯшишҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва баланд бардоштани самаранокии он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ҳамкориҳоро бо давлатҳо ва созмонҳои дахлдор ҳамаҷониба рушд ва таҳким мебахшад».

Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии ҷаласа ин омода намудани ҳуҷҷатҳо доир ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва идора байни  сарҳадоти ҶИА, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешавад, ҳуҷҷатҳои мазкур барои баррасӣ дар вохӯрии навбатии вазирон/роҳбарони мақомотҳои зиддимухаддиротии  Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад, пешниҳод карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷамъбасти ҷаласа  Протоколи муштарак ба имзо мерасад. Вохӯрии сеҷониба дар доираи амалисозии «Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар солҳои 2011-2014”   баргузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.