Ба ҷонибдории номзади коммунистҳо беш аз 27 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд

То субҳи имрӯз ба ҷонибдории номзади пешбаришудаиҲизби коммунисти Тоҷикистон, муовини аввали раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба мансаби президентӣ беш аз 27 ҳазор имзо ҷамъоварӣ карда шуд. Исмоил Талбаков дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сабаби нисбатан камтар ҷамъоварӣ шудани имзоҳо ба ҷонибдории ӯ аз дигар […]

Аваз Юлдошев


То субҳи имрӯз ба ҷонибдории номзади пешбаришудаиҲизби коммунисти Тоҷикистон, муовини аввали раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба мансаби президентӣ беш аз 27 ҳазор имзо ҷамъоварӣ карда шуд.

Исмоил Талбаков дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сабаби нисбатан камтар ҷамъоварӣ шудани имзоҳо ба ҷонибдории ӯ аз дигар аҳзоби сиёсӣ дертар барпо шудани анҷумани ҳизб аст.

Ба қавли ӯ, айни замон дар саросари кишвар барои ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади пешбаришуда аз ҲКТ 465 гурӯҳи ташаббускор таъсис дода шудааст. «То муҳлати пешбинишуда – 7-уми октябр шумори зарурии имзоҳо (210 ҳазор) барои бақайдгирии номзадҳо ҷамъоварӣ хоҳад шуд», – изҳори итминон кард ӯ.

Талбаков зикр кард, ки ситоди ӯро раиси ҲКТ, вакили палатаи поёни парлумон Шодӣ Шабдолов сарварӣ намуда, ба ҳайати он ходимони намоёни ҳаракати коммунистии Тоҷикистон шомиланд.

«Барномаи пешазинитихоботии ман омода буда, аз ҷониби анҷумани ҲКТ маъқул шуморида шуд. Бунёди давлати дорои «симои инсонӣ», таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, таҳсил ва хизматгузории тиббии ройгон ва фароҳам овардани ҷойҳои кории шоиста асоси барномаро ташкил медиҳад», – таъкид дошт Талбаков.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд. Аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Иттифоқи ҷавонон ва Итифоқҳои касабаи Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.