Дар Исфара шахсони номаълум боз як корманди милисаро захмӣ карданд

  Хуҷанд. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Исфара шахсони номаълум бо истифода аз силоҳи оташфишон боз як корманди милисаро захмӣ карданд. Манбаъи мӯътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ҳодиса чанд рӯз қабл рух додааст. Аз додани маълумоти муфассал дар ин хусус худдорӣ карда шуд. Танҳо ҳаминаш муайян […]

Мавлуда Рафиева




 


Хуҷанд. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Исфара шахсони номаълум бо истифода аз силоҳи оташфишон боз як корманди милисаро захмӣ карданд. Манбаъи мӯътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ҳодиса чанд рӯз қабл рух додааст. Аз додани маълумоти муфассал дар ин хусус худдорӣ карда шуд. Танҳо ҳаминаш муайян аст, ки милисаи захмишуда дар беморхона табобат мегирад.



Ёдрас мекунем, шоми 28-уми августи соли равон дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара шахсони номаълум ба сӯи кормандони шӯъбаи умури дохилии Исфара-2 аз автомат оташ кушода, сипас аз ҷои ҳодиса ғайб зада буданд. Афсарон Фирӯз Олимови 28-сола ва Ҷамшед Аҳмедови 22-сола ҳангоми назорати кӯчаҳои маркази шаҳри Исфара дар дасти ду нафар шахсони шубҳанок сумкаи калони сиёҳеро мушоҳида мекунанд ва аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки чизҳои дар сумка бударо нишон диҳанд, вале шахсони шубҳанок аз ин амал саркашӣ мекунанд. Қарор мешавад, ки онҳо ба шӯъба бурда шаванд. Ҳар чаҳор нафар ба мошини милиса менишинанд ва дар роҳ яке аз онҳо аз дохили сумка силоҳи оташфишонро гирифта милисаҳоро мепарронад ва пас аз ин онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Ҷинояткорон то ҳанӯз дастгир нашудаанд ва тафтишот идома дорад.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.