Медали биринҷии қаиқрони тоҷик дар Чемпионати Осиё

Дастпарвари Бонки миллии Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов ба дарёфти медали биринҷии Чемпионати Осиё оида ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон шарафёб гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқаи минтақавӣ, ки дафъаи 15-ум баргузор шуд, қариб 500 варзишгар аз 22 кишвари дунё иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии […]

ASIA-Plus


Дастпарвари Бонки миллии Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов ба дарёфти медали биринҷии Чемпионати Осиё оида ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон шарафёб гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқаи минтақавӣ, ки дафъаи 15-ум баргузор шуд, қариб 500 варзишгар аз 22 кишвари дунё иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13 варзишгар, 1 довар ва 3 мураббӣ намояндагӣ карданд.

Мақоми аввалро варзишгари Қазоқистон Сергей Емелянов ва ҷойи дуюмро бо натиҷаи  Элёр Мамадалиев аз Ӯзбакистон сазовор гаштанд. Бояд гуфт, ки варзишгарони 8 кишвари олам соҳиби медалҳои мусобиқот шуданд, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост. Ҳамчунин қобили қайд аст, ки медали ба дастовардаи Шаҳриёр Даминов нахустин медали қаиқронони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.

Нодир Сафаров, мураббии дастаи мунтахаби қаиқронони Тоҷикистон ки дар ин мусобиқот ба ҳайси довар ширкат дошт, меъёрҳои муқарраршудаи довари дараҷаи байналмилалиро ба ҷо овард ва барои гирифтани ин унвон номзадии ӯ ба комиссияи Федератсияи байналмилалии қаиқронӣ пешниҳод шуд.

Дар ҷаҳорчӯбаи мусобиқаи номбурда, дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи XVI Конфедератсияи қаиқронони Осиё барпо гардид, ки дар рафти он ҷаноби Масанори Нарита аз Ҷопон дигарбора раиси ин созмони минтақавӣ интихоб шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.