Вазорати молия дар бораи аз кадом ҳисоб 15% афзудани даромади буҷет хабар дод

Афзоиши қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар ҳаҷми 1 млрд. 843,5 млн. сомонӣ (15,3%) асосан аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ ва бурсҳои дастгирии буҷет таъмин мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати молияи ҶТ, ғайр аз ин,ҳудуди 113,1 млн. сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва 98,3 млн. сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои […]

Заррина Эргашева


Афзоиши қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар ҳаҷми 1 млрд. 843,5 млн. сомонӣ (15,3%) асосан аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ ва бурсҳои дастгирии буҷет таъмин мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати молияи ҶТ, ғайр аз ин,ҳудуди 113,1 млн. сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва 98,3 млн. сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ворид мешаванд. Ҳаҷми умумии буҷети давлатии пешбинишуда барои соли 2014 – 13 млрд. 901 млн. сомониро (28,7% нисбат ба ММД) ташкил медиҳад.

Дар иттилои Вазорати молия зикр мегардад, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои тасдиқшудаи буҷет, соли 2014 аз Кумитаи андоз ба буҷет 6 млрд. 924 млн. сомонӣ маблағ ворид мегардад, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 20,3% зиёдтар аст. Ҳаҷми даромад аз боҷҳои гумрукӣ 3,8 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли пешин 18,8% бештар мебошад.

Дар баробари ин, ҳаҷми қарзи кишвар ба Чин  дар соли 2014 то 282 млн. сомонӣ коҳиш меёбад, ки нисбат ба ҳаҷми қарзи соли 2013 28,4% камтар аст.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, рӯзи 30-юми сентябр таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардида, дар он нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2014 баррасӣ шуданд.Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст. Қурби миёнаи доллари ИМА дар соли 2014 тибқи маълумоти Бонки миллӣ 4,84 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.