Дзюдочиёни тоҷик ба мусобиқоти Гран-при ба Тошканд рафтанд

Шаш нафар варзишгари тоҷик дар мусобиқоти силсилаи Гран-при, ки рӯзҳои 5-6-уми октябр дар шаҳри Тошканд доир мегардад, ширкат меварзанд. Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии президенти Федератсия Нурулло Лоиқов аллакай ба Тошканд раҳсипор шудаанд. Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқот дастаи Тоҷикистонро дзюдочиён Табризшо Парпишоев, Саидмухтор Расулов (ҳарду дар вазни […]

Сайфиддин Қараев


Шаш нафар варзишгари тоҷик дар мусобиқоти силсилаи Гран-при, ки рӯзҳои 5-6-уми октябр дар шаҳри Тошканд доир мегардад, ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии президенти Федератсия Нурулло Лоиқов аллакай ба Тошканд раҳсипор шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқот дастаи Тоҷикистонро дзюдочиён Табризшо Парпишоев, Саидмухтор Расулов (ҳарду дар вазни то 73 кило), Фарҳод Раҳимов, Саидҷалол Саидов (ҳарду дар вазни то 81 кило), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни то 90 кило) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дар вазни зиёда аз 100 кило) намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, маблағи мукофотпулии мусобиқот 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, дар сурати ҳунарнаиоии хуб варзишгарон ба имтиёзҳои рейтингӣ соҳиб мешаванд. Ин имтиёзҳо дар интихоби варзишгар барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба инобат гирифта мешаванд. Дар мусобиқот 190 нафар варзишгар аз 24 кишвари дунё ширкат меварзад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки барои комёбӣ дар ин мусобиқот варзишгарони тоҷик имкони хуб доранд, зеро аз мусобиқоти зиёди имсола таҷриба кофӣ андӯхтанд. Як ҳафта қабл дар мусобиқоти Гран-при дар Алмаато Комроншоҳи Устопириён мақоми фахрии 4-умро ишғол намуда, дар мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе Фарҳод Раҳимов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ҷоизаҳо сазовор гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.