Тамоили коҳиши қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон


Ҳафтаи дуюм аст, ки даар Тоҷикистон тамоили коҳиши қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ ба мушоҳида мерасад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА боз каме поин рафта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8790 – 4,8970 сомонӣ қарор гирифт.

Дар ҳамин ҳол, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бе тағйир боқӣ монда, мувофиқан 0,1500-0,1505 сомонӣ ва 6,4805-6,4940 сомониро ташкил доданд.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ устувор боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти БМТ, дар нимсолаи аввали соли равон қурби асъорӣ миллӣ нисбат ба доллари ИМА ҳамагӣ ба андозаи 0,03% поин рафтааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда ба 0,1% баробар буд.

Ёдрас мекунем, ки давоми соли 2011 қурби асъори тоҷикӣ нисбат ба доллари ИМА 8,1% коҳиш ёфта, барои бартараф сохтани тағйирёбии кӯтоҳмуҳлати қурби асъори хориҷӣ БМТ дар ҳаҷми 99,1 млн. доллари ИМА ба бозор асъор ворид намуда буд, ки ин тадбир қурби асъори хориҷиро муътадил кард.

Дар Тоҷикистон тартиби қурби тагйирёбандаи асъор бидуни муайян кардани ҳадди тағйирёбӣ истифода мешавад. Тибқи ин тартиб, қурб бо таносуби талаботу пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор муайян карда мешавад. Дахолати БМТ танҳо дар ҳолатҳои тагйирёбии қобили мулоҳизаи асъор сурат мегирад.

spot_imgspot_img

Популярное