Манъи муваққатии истифодаи силоҳи ғайринизомӣ дар Тоҷикистон

Хариду фурӯш ва истифодаи силоҳи ғайринизомӣ ва қисмҳои асосии он дар қаламрави Тоҷикистон муваққтан боздошта мешавад. Дар фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ оид ба танзими гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва қисмҳои асосии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз дар сомонаи расмии ВКД ҶТ интишор шудааст, зикр мегардад, ки «истеҳсол, сохтан, хариду фуруш, […]

ASIA-Plus


Хариду фурӯш ва истифодаи силоҳи ғайринизомӣ ва қисмҳои асосии он дар қаламрави Тоҷикистон муваққтан боздошта мешавад.

Дар фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ оид ба танзими гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва қисмҳои асосии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз дар сомонаи расмии ВКД ҶТ интишор шудааст, зикр мегардад, ки «истеҳсол, сохтан, хариду фуруш, интиқол, соҳиб шудан, ба дигар шахсе додан, нигоҳ, доштан, бо худ гирифта гаштан, истифода бурдан ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани силоҳи ғайринизомии намудҳои таппонча, револверҳо бо патронҳои чароҳатрасон, газӣ ва пневматикӣ муваққатан то 31-уми декабри соли 2013 боздошта шавад».

Дар фармон қайд мешавад, ки ин тадбир бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳҳои ғайринизомӣ андешида мешавад.

Ба ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба амалисозии муқаррароти Фармони мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

Мақомоти расмӣ зарурати андешидани чунин тадбирҳоро алҳол шарҳ намедиҳанд, вале нозирон аз эҳтимол дур намедонанд, ки қабули чунин санад ба маъракаи интихоботии қарибулвуқӯъи президентӣ (6-уми ноябр) дар ҷумҳурӣ марбут аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.