Хуҷанд: Ҳалокати як ронанда аз беэҳтиётӣ

Дар шаҳри Хуҷанд як ронанда аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни ҳаракат аз кӯчаи Чашма ба самти маҳаллаи 34-ум ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 37-солаи шаҳри Хуҷанд Фаарух Ҳакимов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашина ба қубури обрасон бармехӯрад. «Аз […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд як ронанда аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни ҳаракат аз кӯчаи Чашма ба самти маҳаллаи 34-ум ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 37-солаи шаҳри Хуҷанд Фаарух Ҳакимов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашина ба қубури обрасон бармехӯрад. «Аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии бардошта ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», – гуфтанд дар раёсати мазкур.

Бино ба иттилои Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 222 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2012 – 207 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 100 нафар ҳалок ва 230 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Зимнан зикр гардид, ки 67 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки кӯдакон рух дода, дар натиҷа 18 нафар кӯдакон ҳалок ва 43 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.