Кӯмаки СААД ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар муддати се моҳ

spot_imgspot_img

Дата:


Нимаи дуюми рӯзи 7-уми октябр  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари санадҳои дар ҳамоиши охири сарони давлатҳои СААД, 23 сентябри соли 2013 баимзорасида доир ба кумаки фаврии техникӣ ба нерӯҳои марзӣ ва дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки иҷрои пурра ва саривақтии ин санадҳо ба нафъи таҳкими амнияту субот дар кулли минтақа хоҳад буд. Тавре иттилоъ дода шуд, кумаки мазкур бояд дар муддати 3 моҳ расонда шавад.

Гуфта мешавад, дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили ҳамкорӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СААД рӯзи 23-юми сентябр дар Сочи қарор шуд, ки ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кӯмак расонида шавад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...