Кӯмаки СААД ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар муддати се моҳ

Нимаи дуюми рӯзи 7-уми октябр  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари санадҳои дар ҳамоиши охири сарони давлатҳои СААД, 23 сентябри соли 2013 баимзорасида […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 7-уми октябр  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари санадҳои дар ҳамоиши охири сарони давлатҳои СААД, 23 сентябри соли 2013 баимзорасида доир ба кумаки фаврии техникӣ ба нерӯҳои марзӣ ва дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки иҷрои пурра ва саривақтии ин санадҳо ба нафъи таҳкими амнияту субот дар кулли минтақа хоҳад буд. Тавре иттилоъ дода шуд, кумаки мазкур бояд дар муддати 3 моҳ расонда шавад.

Гуфта мешавад, дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили ҳамкорӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СААД рӯзи 23-юми сентябр дар Сочи қарор шуд, ки ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кӯмак расонида шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.