Зуҳуров ва Наришкин ба Бишкек раҳсипор шуданд

Шоми рӯзи 7-уми октябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҳамроҳ бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек раҳсипор гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар пойтахти кишвари ҳамсоя онҳо дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарулмонии кишварҳои […]

Аваз Юлдошев


Шоми рӯзи 7-уми октябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҳамроҳ бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек раҳсипор гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар пойтахти кишвари ҳамсоя онҳо дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарулмонии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ширкат хоҳанд варзид.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви СААД дар Бишкек таҳти раёсати раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин доир гардида, дар он масоили марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ, таҳкими имконоти созмон ва дигар масоили рӯзмарраи мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои узв баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки  дар Бишкек раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.